Вы здесь

Главная

Муштариёни мӯҳтарам!

Муштариёни мӯҳтарам! 

 

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар асоси фармони Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва талаботҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқии алоқа ва пешниҳоди  хизматрасониҳои бо онҳо вобаста, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №207-7 аз 30.04.2016 с. ширкати «Истэра» аз нав бақайдгирии шартномаҳои амалишавандаро бо Истифодабарандагон давом медиҳад.

 

Шахсони, ки барои имзои шартнома таҳти манфиатҳои шахси ҳуқуқӣ ваколатдоранд, бояд ба Провайдер ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии корхона/ширкат; 
  • иқтибос аз Феҳристи шахсони ҳуқуқӣ; 
  • нусхаи Гувоҳнома дар бораи додани РМА; 
  • нусхаи шиносномаи роҳбари корхона ё намояндае, ки аз шахсияти он корхона/ширкат фаъолият мебарад (саҳифаи асосӣ, саҳифа бо РМА, саҳифа бо қайди ҷои истқомат); 
  • нусхаи шиносномаи шахси масъул (саҳифаи асосӣ, саҳифа бо РМА, саҳифа бо қайди ҷои истиқомат); 
  • ваколатнома барои имзои шартнома таҳти манфиятҳои шахси ҳуқуқӣ, ҳангоми имзои шартнома (шахсе, ки аз тарафи шахси ҳуқуқӣ бе ваколатнома фаъолият бурданро ҳуқуқдор аст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи чунин ҳуқуқро пешниҳод менамояд).

 

Шахсе, ки ба манфиати Соҳибкори инфиродӣ Шартномаро имзо мекунад, бояд ба Провайдер ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: 

  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома); 
  • Гувоҳнома дар бораи додани РМА/нусхаи саҳифаи шиноснома бо РМА; 
  • нусхаи саҳифаи шиноснома бо қайдги ҷои истиқомат; 
  • нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳрванд ҳамчун Соҳибкори инфиродӣ; 
  • ваколатнома барои имзои шартнома таҳти манфиятҳои Соҳибкори инфиродӣ, ҳангоми имзои шартнома (шахсе, ки аз тарафи соҳибкори инфиродӣ бе ваколатнома фаъолият бурданро ҳуқуқдор аст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи чунин ҳуқуқро пешниҳод менамояд).

 

Шахсе, ки барои имзои шартнома таҳти манфиатҳои шахси воқеӣ ваколатдоранд, бояд ба Провайдер ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома); 
  • Гувоҳнома дар бораи додани РМА/нусхаи саҳифаи шиноснома бо РМА;
  • нусхаи саҳифаи шиноснома бо қайдги ҷои истиқомат; 
  • ваколатнома барои имзои шартнома таҳти манфиятҳои шахси воқеӣ, ҳангоми имзои шартнома (шахсе, ки аз тарафи шахси воқеӣ бе ваколатнома фаъолият бурданро ҳуқуқдор аст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи чунин ҳуқуқро пешниҳод менамояд).

 

Мувофиқи ин, аз ҳамаи Муштариёне, ки ҳоло аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, хоҳиш менамоем, ки то санаи 31 марти соли 2017 ба шӯъбаи фурӯши ширкати «Истэра» муроҷиат намоянд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботҳои зикргардида, Провайдер ҳуқуқи маҳдуд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳоро дорад.

Барои идрок ва ҳамкорӣ миннатдорем.

Маъмурияти ҶДММ «Истэра»